Saturday, March 15, 2008

Забони бетарҷумони мусиқӣ

Мусиқй, ба гуфтаи бузургони андеша, забони чаҳонии аҳли башар аст, ки ба тарчума ниёз надорад. Ба ин забон на миллияти одамон, балки равони онҳо гуфтугў мекунад. Дар он лаҳза, ки сухан бемазмун мешавад, наво ба сарчашмаи бепоёни ифода табдил меёбад.

Мусиқист, ки марзҳоро намешиносад. Он аз ҳадду сарҳадҳо бе раводиду салоҳдид ва ичозаи давлатдорон убур мекунад, шунавандаҳои гуногунзабону гуногунфарҳангро ба ҳам мепайвандад, ба торҳову суннатҳои мусиқии мардумони дигар асар мегузорад ва дар омезиш ба алҳону зарбони мухталиф олами нави садову овозро таркиб медиҳад.

Точикистони мо, ки дар чорроҳаи Чодаи Бузурги Абрешим қарор дорад, аз ин таъсиру омезишҳо берун намондааст ва мусиқии точик низ аз замони боз шудани ин роҳи бузург ба фарҳанги мардумони дигар таъсир кардаву нақши човидонаи худро дар миёну созу навои онҳо мўҳр кардааст.

Агар ин тарҳи ман муваффақ буд, дар он аз гузашта ва имрўзаи мусиқии точик хоҳед хонд ва агар фикру андешае дар зеҳни шумо рў зад, бинависед, то ба ҳам кўмак карда бошем.